Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти Таласро пароканда карданд


Маъмурони амниятии Қирғизистон бо истифода аз гази ашкорвар ҳазорон тазоҳургарро пароканда карда ва аз ҳамин роҳ вориди қароргоҳи ҳукуматӣ дар шаҳри Талас шуданд, ки тазоҳургарон онро ғасб намуда буданд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, 200 корманди пулис ба қароргоҳи шаҳрдорӣ ворид шуданд, ки мухолифон дар онҷо шаҳрдори Таласро гаравгон гирифтаанд. Аммо Дониёр Ҳусейнов, нахуствазири Қирғизистон, гаравгонгирии шаҳрдорро рад кард. Дониёр Ҳусейнов аз тарафдорони мухолифин ҳамчунин хост, дар тазоҳуроти барномарезишуда рӯзи чаҳоршанбе ширкат накунанд: "Мехоҳам ба шумо бигӯям, ки дар раҳпаймоиҳои ғайриқонунии фардо ширкат накунед, зеро тамоми ин ҳамоишҳо мухолифи қонун аст." Ин ҳодиса дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки танишҳо миёни Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ва мухолифин авҷ гирифтааст, ки раиси ҷумҳурро ба фасод ва саркӯбии матбуоти мустақил муттаҳам мекунанд
XS
SM
MD
LG