Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсати нави атомии Амрико муаррифӣ мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз раёсати ҷумҳури Амрико, Барномаи нави роҳбурдии ҳастаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нашр кунад, ки дар он сиёсати Вашингтон дар мавриди шароити истифодаи силоҳи атомӣ инъикос шудааст.

Санади мазкур, зоҳиран шароити имкони Амрико аз истифодаи силоҳҳои атомиро маҳдудтар хоҳад кард.

Ин нахустин санади арзёбии сиёсати ҳастаии Амрико баъди соли 2001 ва саввумин арзёбӣ баъди Ҷанги сард дар ду даҳаи пеш аст. Санади нав, такяи Иёлоти Муттаҳида ба силоҳҳои атомӣ камтар карда ва ҳадафҳои эҳтимолии мушакҳои атомиашро коҳиш медиҳад.

ИМА силоҳи ҳастаиро дар муқобили кишварҳои ғайри атомӣ истифода намекунад

Барак Обама дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” гуфтааст, ҳукумати ӯ ба сароҳат муттааҳид шудааст, ки силоҳҳои атомиро алайҳи кишварҳои ғайриҳастаӣ ва пойбанд ба Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ истифода намекунад, ҳатто агар ин кишварҳо Иёлоти Муттаҳидаро бо силоҳҳои кимиёвӣ ва ё биологӣ ҳадаф бигиранд.

Ба ҷойи ин ба гуфтаи Барак Обама, чунин ҳамлаҳоро бо таркиби силлоҳҳои қадима ва нави маъмулӣ боз хоҳанд дошт. Аммо гуфтааст, раиси ҷумҳури Амрико, кишварҳои ба мисли Эрону, Куриёи Шимолӣ аз ин амр истисно хоҳанд буд.

Барак Обама афзудааст, бовар дорад, Эрон дар роҳ ба сӯи расидан ба тавоноии силоҳи атомист. Таҷдиди сиёсати ҳастаии Амрико, бахше аз талошҳои густурдатар барои дастёбӣ ба ҷаҳони орӣ аз силоҳи атомӣ будааст, ки Барак Обама ваъдаи онро додааст.

Аҳдномаи нави коҳиши силоҳи ҳастаӣ


Санади стротежии нави ҳастаии Амрико дар остонаи имзои аҳдномаи нави миёни Амрикову Русия сурат мегирад, ки қарор аст, 8 апрел дар шаҳри Прага имзо шавад ва теъдоди мушакҳои ҳастаии ҳарду кишварро коҳиш диҳад.

Ҳамчунин қарор аст, ба зудӣ Барак Обама нишасти байналмилалӣ дар мавриди амнияти ҳастаиро дар Вашингтон мизбонӣ кунад ва конфронси дигаре ҳам моҳи оянда барои бозбинии Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ дар Вашингтон баргузор шавад.

Кингстон Рейф, муовини бахши манъи густариши силоҳҳои атомӣ дар Маркази назорат ба аслиҳа ва манъи густариши силоҳҳои атомӣ дар Вашингтон ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйири сиёсати ҳастаии Амрико, далоили Барак Обамаро қавитар хоҳад кард, ки кишварҳои дигар ҳам бояд, захираҳои силоҳҳои атомии худро коҳиш диҳанд ва ё талошҳо барои дастёбӣ ба силоҳҳои атомиро канор гузоранд.

Ӯ мегӯял: “Ман фикр мекунам, бо назардошти нишасти амниятӣ ва конфронси бознигарии аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ, агар стратегияи нави атомӣ, аз вазъи мавҷуд дур намерафт, метавонист, вазъро барои Амрико мушкил кунад. Он дасти Иёлоти Муттаҳидаро заъифтар намуда ва барои Амрико мушкилтар мекард, то ҳимояти кишварҳои дигар барои иҷрои ҳадафҳои манъи густариши силоҳҳои атомиро ба даст орад”.

Дар ҳоле, ки дастгоҳи раёсати ҷумҳури Амрико барои муаррифии сиёсати нави ҳастаии худ омода мешавад, Сергей Лавров , вазири умури хориҷаи Русия гуфт, дар сурати вайрон шудани тавозуни ҳастаӣ бар асари истиқрори сипари дифои мушакии Амрико дар Аврупо, Русия ҳаққи хуруҷ аз аҳдномаи нави коҳиши силоҳҳои стротегиро ҳифз хоҳад кард.

Русия ҳаққи ихроҷ аз аҳдномаро ҳифз мекунад

Ӯ мегӯяд: “Агар мушоҳидаҳои мо аз иҷрои ин барнома нишон бидиҳад, ки онҳо ба марҳилаи системаи дифоъи мушакии стротегӣ мерасанд ва коршиносони низомии мо онро таҳдиде ба нерӯҳои стротежии атомии Русия бидонанд, дар он сурат мо ҳақ хоҳем дошт, аз банди хуруҷ аҳднома истифода кунем”.

Бино ба гузоришҳо, ҳукумати Барак Обама азм дорад, то аз Русия бихоҳад, ки гуфтӯгуҳоро доир ба коҳиши мушакҳои атомии кӯтоҳпарвоз шурӯъ намояд, ки Русия дар ин бахш бартарӣ дорад.

Як мақоми ҳукумати Амрико ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, Амрико ҳамчунин мехоҳад, як даври дигари музокирот миёни ин кишвар ва Русия баргузор шавад. Ва дар он музокирот масъалаи ҳазорон мушаки кӯтоҳ ва дурпарвози атомие баррасӣ шавад, ки дар анборҳои ҳарду кишвар нигаҳ дошта мешаванд ва барои истифодаи фаврӣ омода нестанд.
XS
SM
MD
LG