Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори эрониро ба зиндон маҳкум карданд


Модари Абулфазл Обидинӣ, хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар дар Эрон гуфт, писарашро ба 11 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бино ба гузориши Радиои Фардо, Обидинӣ узви созмони ғайриҳукуматии Фаъолони Ҳуқуқи Инсон, 3 март дар шаҳри ҷанубуғарби Аҳвоз дастгир кардаанд. Мақомоти интизомии Эрон, Абулфазл Обиддинии 28 -соларо ба “паҳн кардани тарғиботи алайҳи режим аз роҳи мусоҳиба бо расонаҳои хориҷӣ” гунаҳкор донистаанд. Осира Эҷозӣ, модари хабарнигори эронӣ мегӯяд, бо ирсоли номае ба Содиқ Лориҷонӣ раҳбари қувваи қазоия хостори адолат нисбати писараш шудааст, аммо то кунун посухе ба ӯ надодаанд.
XS
SM
MD
LG