Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти тозаи таҳаввулоти Қирғизистон


Дониёр Ҳусейнов, нахуствазири Қирғизистон, имрӯз рад кард, ки тазоҳургарони мухолифин шаҳрдори шаҳри Талас воқеъ дар ҷанубуғарби кишварро гаравгон гирифтаанд. Айни замон ӯ гуфт, гурӯҳе аз тазоҳургарон қароргоҳи ҳукумати шаҳрро ишғол намуданд. Дониёр Ҳусейнов афзуд, ҳукумат 100 маъмури пулиси дигарро барои барқарор кардани тартибот ба Талас хоҳад фиристод. Аммо пештар аз ин баёнияи Дониёр Ҳусейнов, Койсун Қурмоналиева, намояндаи ҳизби мухолифи Ота Макон дар шаҳри Талас гуфтааст, “бинои ҳукумати шаҳрро ишғол кардаанд ва шаҳрдорро низ дар ҳамин ҷо гаравгон гирифтаанд. “
XS
SM
MD
LG