Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаи сангини ҷудоихоҳон ба нерӯҳои Ҳинд


Ҷудоихоҳони маоист, бо силсилаи ҳамлаҳои маргбор ба нерӯҳои давлатӣ дар ҷангалзорҳои шарқи Ҳинд, дасти кам 75 сарбозро куштаанд. Ин маргбортарин зарбаи ҷудоихоҳон ба нерӯҳои Ҳинд дар минтақа дар 43 соли ахир маҳсуб мешавад. Мақомоти Ҳинд мегӯянд, нерӯҳо зимни амалиёте дар ноҳияи Дантевада такягоҳи ҷудоихоҳон, воқеъ дар аёлати Чатишсгарҳ ба чунин сарнавиште гирифтор шудаанд. Ҳамлаҳои ғофилгирона ва бомбгузориҳо, ин нигарониро барангехтааст, ки ҳукумати Ҳинд сарбозони бетаҷрибаро ба майдони ҷанг бо ҷудоихоҳон мефиристад.
XS
SM
MD
LG