Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурези соҳибмулкон аз мулоқоти рӯбарӯ


Tajikistan - Kulob region,07Apr2010
Tajikistan - Kulob region,07Apr2010

Аксари соҳибмулкони корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб аз як нишасти рӯ ба рӯ бо рӯзноманигорон ва ҳузури мақомоти шаҳрдорӣ, худдорӣ варзиданд.

Шаҳрдории Кӯлоб тасмим дошт, то бо баргузории чунин як нишаст аз бурду бохти соҳаи саноати шаҳр рӯзноманигоронро огаҳ созад ва исбот кунад, ки дар камбудиҳои ҷойдошта на ҳукумати шаҳр, балки соҳибмулкону соҳибкорон даст доранд.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, раиси дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, соҳибмулконе, ки дар фаъолияти кориашон навоқиси зиёде вуҷуд дошт, аз ин даъвати шаҳрдорӣ худро канор гирифтанд. Ҳамин тавр, аз 130 нафар соҳибмулки даъватшуда, танҳо 50 нафари он дар ин нишаст ширкат варзид.

Ба гуфтаи ӯ, аксари соҳибмулкон пас аз харидории корхонаҳои саноатӣ дигар дар паи беҳбудии кор намешаванд, балки талош мекунанд, то онро бо нархи қимматтар ба каси дигар бифурӯшанд.

Ҷаноби Сӯҳробшоҳ афзуд, соҳибмулкон дар бештари маврид бо ҳукумати маҳаллӣ баҳри рушди саноат дар ҳамкорӣ нестанд ва иштирок накарданашон дар ин нишаст бар ин гуфтаҳо далел аст.

Ӯ мегӯяд, “Борҳо аз онҳо баҳри ҳамкорӣ даъват шудааст, вале онҳо наомаданд. Аксари онҳо корхонаҳоро хусусӣ карда, худ дар хориҷӣ кишвар ба сар мебаранд ва ба фаъолияти онҳо ҳеҷ сару кор намегиранд”.

Орзӯ Ҳамидов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, кори соҳибмулкон дар ин шаҳр то ба ҳаде расидааст, ки мавқеи ҳукумати маҳалро дар рушди соҳаи саноат ҷиддӣ намегиранд. Инчунин ба гуфтаи ӯ, ягон корхонаи шаҳр низ нақшаи мушахасси корӣ надоранд, ки дар раванди иқтисодӣ бозори ин бар зарари кор аст.

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Назаров, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдори Кӯлоб дар ин нишаст ба соҳибмулкон то соли 2011, яъне то 20 солагии таҷлили истиқлолият барои фаъолияти ҷиддӣ мӯҳлат додааст.

Ӯ мегӯяд, “дар сурати иҷро накардани ин қарори раис шаҳр эҳтимол чунин корхонаҳо ё фурухта шаванд ва ё давлатӣ карда шаванд”.

Феълан дар шаҳри Кӯлоб наздики 30 корхонаи бузурги саноатӣ фаъолият мекунад. Ба қавли масъулин ин корхонаҳо таи як соли ахир беш аз 40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар қиболи истеҳсоли соли 1990 даҳҳо маротиб камтар аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки корхони “Хишт” бинобар камбуди газ ва корхонаи “Қолинбофӣ” бо надоштани маҳсулот солҳост аз фаъолият бозмондаанд. Коршиносон бар инанд, ки нишасти соҳибмулкон ва рӯзноманигорон, ки бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ баргузор шудааст, як навъ гурез аз ҳалли мушкилот дониста мешавад.

Ба ақидаи коршиносон ҳукумати маҳаллӣ бо таҳрезии ин нишаст мехоҳад масъулияти камбудиҳои ҷиддӣ дар саноатро ба души соҳибкорон ҳавола кунад ва соҳибкорон бошанд баръакс.

Кӯлоб бо саноати ақибмонда саввумин бузургтарин шаҳри Тоҷикистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG