Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни боздиди Бан Кӣ Мун аз Тоҷикистон


Tajikistan - President Rahmon of Tajikistan met with UN General Secretary Pan Gi-Moon, Dushanbe, 05Apr2010
Tajikistan - President Rahmon of Tajikistan met with UN General Secretary Pan Gi-Moon, Dushanbe, 05Apr2010

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ ҳадафи сафараш ба Осиёи Марказиро коҳиши ташаннуҷ миёни кишварҳои минтақа дар заминаи захираҳои табиӣ унвон кард. Ӯ гуфт, захираҳои табиӣ бояд бо эҳтироми манофеъи тамоми кишварҳо истифода шаванд.

Бан Кӣ Мун гуфт, суоли рӯз ин аст, ки чӣ тавр захираҳоро барои шукуфоии ҳама дар Осиёи Марказӣ истифода кард? Вай афзуд, ба Осиёи Марказӣ аз ин хотир омадааст, ки ташаннуҷи мавҷуд бадтар нашавад.

Дабири кулли СММ гуфт, раисҷумҳурони Осиёи Марказиро даъват кардааст, ки сари мизи музокирот нишинанд ва дар ҳалли мушкилот бо Созмони миллал ҳамкорӣ кунанд.

Бан Кӣ Мун муфассал сари мухолифатҳои кишварҳои минтақа рӯи захираҳои табиӣ сӯҳбат накард.

Нигаронии Тоҷикистон


Аммо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, кишвараш аз вазъи истифодаи об дар минтақа нигарон аст ва фоҷиаи баҳри Аралу камбуди об дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро дар истифодаи аз ҳад зиёди он дар баъзе кишварҳо медонад.

Ӯ афзуд, ва дар ин кишварҳо аз нишондодҳои миёнаи умумиҷаҳонӣ об сари ҳар нафар се маротиба зиёд истифода мешавад ва агар дар минтақа 6 миллион гектар замин обёрӣ шавад, фақат 600 ҳазор ба Тоҷикистон рост меояд.

Вай аз қавли раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд: «Ҷаноби Олӣ ба Дабири кулл зарурати мавриди экспертизаи ҷиддии тахассусӣ ва экологии байнулмлалӣ қарор додани тамоми шабакаҳои истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тамоми обанборҳои мавҷуда ва инчунин иншоотҳоеро, ки ба вазъи экологӣ таъсири манфӣ мерасонанд, таъкид карданд».

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон барои баргузории экспертизаи байналмилалии нерӯгоҳи Роғун мунтазири коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аст, ки бояд ин моҳ ба Тоҷикистон биоянд.

Дабири кулли СММ низ гуфт, Тоҷикистону Ӯзбакистон сари баргузории ин экспертиза мавқеи яксон доранд.

Мавсими кишт бояд аз даст наравад

Бан Кӣ Мун аз боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон изҳори нигаронии амиқ намуда, таъкид кард, ки як ду ҳафта баъд дар Тоҷикистон мавсими кишт оғоз мешавад ва барои деҳқонон ба даст овардани маҳсулоти воридотии кишоварзӣ хеле муҳим аст.

Ӯ гуфт, ин масъалаи инсонӣ аст ва хеле бад аст, ки деҳқонон мавсими киштро аз даст диҳанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, се моҳи ахир дар Ӯзбакистон ҳудуди 1000 вагони молу коло ва маводи сӯхти Тоҷикистон бидуни сабаб боздошт шудаанд.

Минаҳо бояд барчида шавад


Дабири кулли СМ афзуд, тайи як намоишгоҳ бо паёмадҳои майдонҳои минаи марзи Ӯзбакистону Тоҷикистон ошно шуд. Ӯ афзуд, ғайриқобили қабул аст, ки дар ин майдонҳо инсонҳои бегуноҳ ҷон дода, иддаи дигар сахт захмӣ шудаанд ва ин вазъ дилрешкунанда ва ғамангез аст.

Тибқи иттилоъи маркази минарӯбии Тоҷикистон, то ҳол аз таркиши минаҳо 358 нафар ҳалок гашта, 449 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва ҳамагӣ мардуми мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон будаанд. Ӯзбакистон ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди террористон соли 2000, ҳатто 140 километри аломатгузоринашудаи марзҳояш бо Тоҷикистонро минагузорӣ карда буд.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ гуфт, бо мақомоти Тоҷикистон дар мавзӯъи ҳуқуқи башар низ сӯҳбат карда, хостори ба тасвиб расонидани Эъломияи алайҳи шиканҷа ва бадрафторӣ шудааст, ки ин кишвар зери ин санад соли 1996 имзо гузоштааст.

Конфронси матбуотии Ҳ. Зарифӣ ва Б. К. Мун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00
XS
SM
MD
LG