Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши НАТО ба баёнияи Ҳомиди Карзай


НАТО имрӯз ба Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳушдор дод, ки ҳимояти мардумӣ аз талошҳои ин созмон дар кишварашро аз зер хароб накунад. Ҷеймс Аппатурай, сухангӯи Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ, гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ин паймон ба хотири ҳимояти мардуми афғон аз терроризм, "талошҳои фавқуллода ва ҷонфидоӣ" мекунанд ва умедворанду интизор доранд, ки мардуми афғон то мақомоти олиаш, ин талошҳоро қадр мекунанд. Ин баёнияи НАТО ба думболи изҳороти Ҳомиди Карзай ба вакилони мардумии Афғонистон садо дод, ки гуфт, ҳукумати Амрико ба умури Афғонистон дахолат мекунад ва агар ин кор идома ёбад, муқовимати Толибон як ҳаракати машрӯъ хоҳад буд. Ҳомиди Карзай ҳамчунин баъди он мавриди интиқод қарор гирифт, ки қудратҳои хориҷиро ба дахолат дар интихоботи олуда ба тақуллаби раёсати ҷумҳури дар соли гузашта муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG