Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои интизомии Қирғизистон тазоҳуротро пахш карданд


Маъмурони амниятии Қирғизистон бо истифода аз гази ашковар ҳазорон тазоҳургарро пароканда карда ва вориди қароргоҳи ҳукуматӣ дар шаҳри Талас шуданд. Тазоҳургарон субҳи рӯзи сешанбе бинои ҳукумати вилояти Таласро ғасб намуда буданд.

Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, 200 корманди пулис ба қароргоҳи шаҳрдорӣ ворид шуданд, ки мухолифон дар онҷо шаҳрдори Таласро гаравгон гирифтаанд.

Изҳороти сарвазири Қирғизистон

Дониёр Ҳусейнов, нахуствазири Қирғизистон, зимни изҳороте гуфт, 6-уми апрел бо сарварии ноиби раиси Ҳизби «Ата Мекен» Болот Шерниёзов кӯшиши ғасби бинои маъмурии ҳукумати вилояти Талас ва сохторҳои дигари ҳукуматӣ сурат гирифтааст.

Дониёр Ҳусейнов мегӯяд, хабарҳо дар мавриди гаравгонгирии раиси вилояти шимолу ғарбии Талас аз ҷониби эътирозгарони мухолифи ҳукумат асоси воқеъӣ надорад. Дар айни замон Ҳусейнов тасдиқ кардааст, ки гурӯҳи эътирозгарон бинои ҳукумати вилоятро таҳти тасарруф гирифтаанд.

Сарвазири Қирғизистон гуфтааст, ки 100 нафар нерӯи тозанафаси интизомӣ ба манзури таъмини субот ба Талас эъзом шудааст.

Бино ба ин баёния тазоҳургарон саъй кардаанд, то бинои раёсати умури дохилӣ низ тассаруф намоянд, вале ниҳодҳои интизомӣ монеъи онҳо шудаанд.

Дониёр Ҳусейнов ҳамчунин гуфтааст, ба манзури таъмини амнияти мардум, кормандони умури интизомӣ, аз ҷумла аз гази ашковар истифода кардаанд.

Талас, 6-уми апрели соли 2010
Дар баёнияи нахуствазири Қирғизистон гуфта мешавад, вазъият дар шаҳри Талас ба эътидол омада ва он таҳти назорати кормандони умури интизомӣ қарор дорад. Бино ба изҳороти нахуствазири қирғиз ашхосе, ки даст ба ин амал задаанд, тибқи қонунгузориҳои кишвараш ҷазо хоҳанд гирифт.

Додситонии кулли Қирғизистон алайҳи баргузоркунандагони тазоҳурот парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ду ҳавопаймои ҳомили гурӯҳҳои вижаи низомӣ аз Бишкек ба Талас парвоз кардаанд. Аммо маълум нест, ки низомиён бо эътирозгарон чӣ гуна бархӯрд хоҳанд кард.

Аммо ба гузоришҳои дигар тазоҳургарон ҳамчунон бинои ҳукумати вилояти Таласро дар ихтиёр доранд.

Оғози тазоҳуроти 6-уми апрел

Беш аз якуним ҳазор нафар тазоҳургарон субҳи рӯзи сешанбеи 6-уми апрел дар шаҳри Таласи Қирғизистон бинои ҳукумати вилоятро ғасб кардаанд. Кормандони умури интизомӣ аз муқобилият бо ин иқдоми эътирозгарон то кунун худдорӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, Бейшен Болотбеков, раиси ҳукумати вилояти Талас нопадид шудааст ва бино ба хабарҳо дар дохили бинои ҳукумат бебандуборӣ ҳукмфармост. Аммо бино ба хабарҳои дигар гӯё ӯ дар гаравгони тазоҳургарон аст.

Эътирозгарон Шералӣ Абдилдаевро раиси ҳукумати вилояти Талас таъйин карданд. Гуфта мешавад, ки Шералӣ Абдилдаев 45 сол дошта ва яке аз фаъолони Ҳизби сиёсии «Ата Мекен» дар вилояти Талас муаррифӣ шудааст.

Истифодаи гази ашковар ва оташ задани аксҳои президент

Бино ба хабарҳои расида аз Талас ҳудуди 2000 тазоҳургар талош кардаанд, бинои раёсати умури дохилаи вилоятро низ тасарруф кунанд, вале кормандони милиса алайҳи онҳо аз гази ашковар истифода кардаанд ва нагузоштаанд, ки эътирозгарон вориди бинои раёсати корҳои дохилӣ шаванд.

Талас, 6-уми апрели соли 2010
Як тан аз тазоҳургарон аз тири резинӣ ҷароҳат бардошта ва бистарӣ шудааст. Ҳамзамон як гурӯҳи дигари эътирозгарон аз гази ашковар заҳролуд шудаанд ва онҳо низ таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Дар идомаи ин таҳаввулот аз шаҳри Талас хабар расид, ки эътирозгарон аксҳои президент Қурмонбек Боқиевро оташ заданд.

Омурбек Текебоев, раиси Ҳизби «Ата Мекен» дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки ҳукумат алайҳи тазоҳургарон аз чораҳои шадидтар кор бигирад.

Доманаи тазоҳурот дар вилоятҳои дигар

Ба гуфтаи ӯ, Ҳизби сиёсии «Ата Мекен» аз сафоратҳои ИМА ва Русия дар Бишкек хостааст, ки ба вазъият таваҷҷӯҳ кунанд ва дар сурати истифодаи нерӯ алайҳи тазоҳургарон, ҳукуматро ба масъулият даъват намоянд.

Тибқи охирин хабарҳо ҳамчунин дар вилояти Норин низ гурӯҳе аз мӯйсафедон ҷамъ омада ва талаби истеъфои раиси ҳукумати вилояти Норинро пеш гузоштаанд. Ҳамзамон аз баргузории як тазоҳуроти дигар дар ноҳияи Оқсуи вилояти Ҷалолобод, зодгоҳи раиси ҷумҳур Боқиев низ хабар дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG