Пайвандҳои дастрасӣ

Фурӯши "Наша Раша" дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд


Мақомоти Тоҷикистон фурӯши филми баҳсбарангези “Наша Раша. Тухми сарнавишт”- ро мамнӯъ кардааст, зеро ба гуфтаи мақомот дар он филм ба миллати тоҷик тавҳин шудааст. Дар ин бора Акбар Шарипов, намояндаи ширкати “Тоҷиккино” хабар додааст. Дар филми мазкур, ду муҳоҷири корӣ масхара мешавад, ки барои кор ба Русия омадаанд. Мақомоти Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои тоҷикони Русия барномаи мазҳакавии “Наша Раша”-ро дар гузашта интиқод карда ва аз Русия хостаанд, монеъи пахши ин барномаҳо шавад.
XS
SM
MD
LG