Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бан Кӣ Мун ба кишварҳои Осиёи Марказӣ


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, аз Тоҷикистону Ӯзбакистон хост, дар баҳс ба сари бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун хештандорӣ нишон бидиҳанд. Бан Кӣ Мун зимни сафараш дар Душанбе гуфт: "Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ҳамин моҳ барои баррасии доимии тарҳи Роғун ба Тоҷикистон меоянд. Аз ин рӯ то замони хотимаи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз тарҳҳои нерӯи барқи обии Тоҷикистон тамоми тарафҳои дахил, бояд аз иқдомоти якҷониба худдорӣ кунанд." Ӯзбакистон метарсанд, ки бо бунёди обанбор дар нерӯгоҳи Роғун, барои обёрии киштзорҳои азими пунбааш оби кофӣ нахоҳад дошт. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин нигаронӣ асосе надорад ва маҷрои об ба Ӯзбакистон коҳиш нахоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG