Пайвандҳои дастрасӣ

Австралия монеъи интиқоли абзори илмӣ ба Покистон шуд


Австралия монеъи интиқоли теъдоде аз абзори илмӣ ба Покистон шудааст, аз он тарси онки метавонанд, ин абзори илмиро барои сохти силоҳҳои куштори дастаҷамъӣ истифода кунанд. Ҷон Фалкнер, сухангӯи вазорати дифоъи Австралия имрӯз гуфт, вазири дифоъ ба ин бовар аст, ки фурӯши ду спектометрҳои фурӯкашкунандаи атомӣ “хатари ғайриқобилиқабул” ҳамроҳ дорад. Бори чаҳорум аст, ки Австралия монеъи интиқоли таҷҳизот ба хориҷ мешавад. Дар мавориди пешин, Австралия нагузошт, то молҳои интиқолӣ ба Эрон ва ё молҳое, ки метавонист ба ин кишвар бирасад, ба хориҷ содир шавад.
XS
SM
MD
LG