Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғасби қароргоҳи ҳукумати шаҳри Таласи Қирғизистон


Гурӯҳе аз тазоҳургарони қирғиз имрӯз қароргоҳи ҳукумат дар шаҳри шимолуғарбии Таласро ишғол кардаанд. Пеш аз ин ҳодиса издиҳоми чандҳазорнафарӣ дар шаҳр мазкур барои раҳпаймоӣ ҷамъ омаданд ва ба гуфтаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, кормандони милиса ҳам монеъи вуруди тазоҳургарон ба қароргоҳи ҳукумат нашудаанд. Аммо айни замон сухангӯи вазорати умури дохилаи Қирғизистон ғасби қароргоҳи ҳукуматро рад карда ва гуфтааст, даҳҳо нафар, ки бисёре аз онҳо сархуш будаанд, ба қароргоҳи ҳукумат ворид шуда ва баъдан онро тарк кардаанд. Ин ҳодиса дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки танишҳо миёни Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ва мухолифин авҷ гирифтааст, ки раиси ҷумҳурро ба фасод ва саркӯбии матбуоти мустақил муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG