Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки 6-уми апрел дар Туркия оғоз шуд, ширкат доранд.

Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷавоизи Нахуствазири Туркия дар шаҳри Истамбул бо ширкати зӯртарин муштзанҳои ҷаҳон то рӯзи 12-уми апрел идома меёбад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии мураббӣ Мирзо Шамсиев беҳтарин муштзанҳои тоҷик шомиланд. Байни онҳо Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов ҳастанд, ки дар Олимпиадаи Пекин ҷойҳои панҷумро касб карда буданд. Юнусов дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг ва Қурбонов дар вазни то 91 кг қувваозмоӣ мекунанд».

Ба гуфтаи оқои Бобоҷонов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Туркия, ки яке аз давраҳои омодагии муштзанҳои тоҷик ба сабқати интихобии олимпии Лондон-2012 маҳсуб мешавад, ҳамчунин, дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг миёни занон Тоҷикистонро Мавзуна Чориева намояндагӣ хоҳад кард.

Дар ҳоле ки муштзанҳои бузургсоли тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Туркия ширкат меварзанд, муштзанҳои ҷавони кишвар ба сабқати ҷаҳонӣ, ки аз 20-уми апрел то 3-юми май дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир хоҳад шуд, омодагӣ мебинанд.

Ба иттилои Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, дар айни ҳол ҷамъомади таълимию тамринии даста дар Қазоқистон ҷараён дорад, ки то рӯзи 19-уми апрел идома хоҳад кард.

Ба гуфтаи оқои Маҳмадҷонов дар сабқати ҷаҳонӣ байни ҷавонон шарафи бокси тоҷикро муштзанҳои моҳир, монанди Ораз Афзалшоев дар вазни то 54 кг, Нодир Муҳаммадиев дар вазни то 81 кг ва Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг ҳимоя хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG