Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ба намояндагони порлумони Афғонистон бо лаҳни таҳдидомез гуфтааст, агар дар оянда низ аз ҷониби муттаҳидони ғарбиаш зери фишор қарор бигирад, бо Толибон хоҳад пайваст.

Дар вокуниш ба ин суханони Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс гуфтааст, ки "баъди сӯҳбати телефонии Карзай бо Ҳилларӣ Клинтон возеҳан ҳеҷ чизе беҳтар нашудааст.

Ӯ ҳамзамон аз қурбонӣ додани хонаводаҳои амрикоие ёд кардааст, ки азизони худро барои ҷанг ба Афғонистон фиристодаанд.

Иллати нороҳатии шарикони ғарбии Карзай

Ҳомид Карзай чанд рӯзи қабл гуфта буд, ки хориҷаиён дар умури интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи августи соли гузаштаи Афғонистон мудохила кардаанд. Ин суханони Ҳомид Карзай, ки ҷомеаи байналмилалиро дар тақаллуби густарда дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳуриаш айбдор кард, сабаби озурдагии хотири шарикони ғарбии Афғонистон шуд.

Ҳомиди Карзай дар як изҳороти бесобиқа шадидуллаҳн сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро айбдор карда буд, ки бо ҳадафи заиф кардани ҳукумати ӯ маъракаи ришвадиҳӣ ва тақаллуби густарда дар ҷараёни интихоботи моҳи августи раёсати ин ҷумҳурии ҷангзадаро раҳбарӣ кардаанд. Карзай бахусус рӯи ду нафар – Питер Ҷелбрейф, муовини раҳбари дафтари СММ, ва Филипп Мориллон, раҳбари ҳайъати нозирони ИА, таъкид кард.

Амрико билофосила он изҳороти Карзайро “изтиробовар” ва “мӯҷиби нигаронии ростин ва воқеъӣ” номид. Ҳомиди Карзай низ ба думболи ин дархости Амрико ба вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ талош кард Клинтонро дар мавриди он суханронии зиддунақизаш итминони хотир диҳад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Карзай пойбандиаш ба ҳамкории Амрикову Афғонистонро таъйид карда ва дидгоҳи худ ба бурду бохти ҷомеаи байналмилалиро изҳор доштааст. Ба гуфтаи сухангӯ, Карзай ва Клинтон ба ҳам тааҳҳуд супурдаанд, ки ҳамкориро ба хотири мушорикат идома диҳанд.

"Интихоботро хориҷиҳо тақаллуб НА карданд"

Ваҳид Умар, сухангӯи Ҳомид Карзай низ талош кардааст, оташи ҷанҷоли бархостаро ҳаддалимкон фурӯ нишонад.

Ӯ гуфт, дар мавриди суханони Карзай як навъ сӯитафоҳум пеш омада ва раҳбари Афғонистон танҳо мехост, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба нигарониҳои мардум ва давлати ин кишвар таваҷҷӯҳ кунад.

Ҳомид Карзай дар моҳи ноябри соли гузашта, дар пайи аз идомаи мубориза даст кашидани рақиби интихоботиаш Абдулло Абдулло аз сӯи Камисюни мустақили интихоботии Афғонистон барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон шуд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар 19 август доир шуда буд, вале ба далели иддаъои номзадҳо дар мавриди ҷой доштани тақаллуб эълони натоиҷи он бештар аз ду моҳ тӯл кашид.

Камисюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ, билохира бо тайиди мавридҳои зиёди тақаллуб даври дувуми интихоботро тайин намуд, аммо ба далели аз корзор канор рафтани Абдулло Абдулло, яке аз ду номзади раёсати ҷумҳурӣ даври дуввуми он доир нашуд. Ва Ҳомид Карзай бори дигар раисиҷумҳури мунтахаб эълон гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG