Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Кӣ Мун аз Тошканд хост, қаторҳоро раҳо кунад


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Ӯзбакистон хост, бигузорад, то ки вагонҳои Тоҷикистон бидуни таъхир вориди кишвар шаванд. Бан Кӣ Мун, зимни нишасти хабарие, дар шаҳри Душанбе, гуфт, аз нигаҳ доштани қаторҳо, бахусус қаторҳои сӯхт ва маводи лозим барои кишоварзони тоҷик дар Ӯзбакистон, бисёр нигарон аст:

"Аз ин рӯ ман аз тарафҳои дахил мехоҳам, бе ҳеҷ таъхире ҳамаи инро раҳо кунанд ва иҷоза диҳанд, ки тамоми ин воридоти кишоварзӣ озодона ворид карда шавад."

Бан Кӣ Мун гуфт, таъхир дар воридоти тухмӣ ва дигар масолеҳи лозим дар остонаи кишти баҳорӣ метавонад, паёмадҳои баде барои мардуми Тоҷикистон дошта бошад. Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Ӯзбакистон, ки аз идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун асабонӣ шудаанд, бо баҳонаҳои мухталиф намегузоранд, 1000 вагони молу колои Тоҷикистон ба кишвар ворид шавад. Ӯзбакистон мегӯяд, зарфияти маҳдуди роҳи оҳанаш омили нигаҳ доштани вагонҳо дар қаламрави он кишвар аст.
XS
SM
MD
LG