Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷорҳои маргбор Ироқро такон дод


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, силсилаи инфиҷорҳо дар пойтахт, шаҳри Бағдод, дасти кам 28 нафарро кушта, чандин хонаро вайрон кард. Қосим Ал-Мусавӣ, як сухангӯи низомӣ, гуфт, бар асари инфиҷорҳо чанд бинои истиқоматӣ дар се маҳалла вайрон шудааст. Бино ба гузоришҳо, даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта ва теъдоде дигар зери овор мондаанд. Ду рӯз пештар аз ин, дар бомбгузориҳои интиҳорӣ дар назди сафоратҳои хориҷӣ дар шаҳри Бағдод, 40 нафарро кушт ва 200 тани дигарро маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти расмии Ироқ аз хатари эҳтимолии хушунатҳо ҳушдор додаанд, аз он хотир ки танишҳо бар сари интихоботи порлумонии рӯзи 7 март афзоиш ёфтаанд. Дар интихобот ҳеҷ яке аз аҳзоб пирӯзии комил ба даст наовард.
XS
SM
MD
LG