Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳшати Бан Кӣ Мун аз оқибатҳои таркишҳои минаҳо


Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ, дар анҷоми боздидаш аз Тоҷикистон гуфт, захираҳои табии минтақа, аз ҷумла газ ва об бояд мунсифона ба нафъи тамоми кишварҳои минтақа истифода шавад.

Ӯ гуфт, об ва энержӣ аз мавзӯъоти муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дабири кулли СММ ҳадафи сафарашро коҳиши ташаннуҷ миёни кишварҳои минтақа сари захираҳои табиӣ номида, афзуд, ин масъулияти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ӯ гуфт, бегоҳи дирӯз ва субҳи имрӯз бо раисҷумҳури Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ рӯи ин масъалаҳо сӯҳбати тӯлонӣ доштааст. Вай изҳори қаноатмандӣ кард, ки Тоҷикистон ва Узбакистон барои баргузории экспертизаи байнулмилалии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ иттифоқи назар доранд. Ӯ гуфт, муколамаи минтақаӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказиро дар мавзӯъи обу энержӣ зери васояти Созмони милал бояд ба роҳ монда шавад.

Вале, дабири кулли СММ аз боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар марзҳои Узбакистон изҳори нигаронии амиқ кард. Вай гуфт, аксари вагонҳо ҳомили маводи сӯхт будаанд, ки барои деҳқонони Тоҷикистон дар мавсими кишт заруранд. Аз ин рӯ, ӯ гуфт, Узбакистон бояд ин мушкилро бидуни ҳеҷ мамониат ҳал бикунад.

Конфронси матбуотии Ҳ. Зарифӣ ва Б. К. Мун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00


Дабири кулли СММ ҳамчунин дар мавриди оқибатҳои минкорӣ шудани марз низ назари худашро гуфт. Ӯ гуфт, дирӯз аз як намоишгоҳи аксҳо аз оқибатҳои минаҳо дидан кард ва аз он ба ваҳшат афтод. Ӯ гуфт, дар ин робита СММ фаъолияти худро таҳким хоҳад дод.

Узбакистон марзҳояш бо Тоҷикистонро дар соли 2000–ум мингузорӣ кард. То кунун бар пояи маълумоти маркази минрӯбии Тоҷикистон, аз инфиҷори минаҳо наздики 80 сокини осоишта ҳалок гашта, 90 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хатти марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар вилояти Суғд ҳудуди 900 километр тӯл дорад ва дар қисмати умдаи он мин хобонида шудааст.

Тафсилоти бештар дертар нашр мешавад.

Раҳмон ба Бан Кӣ Мун: "Тарҳҳои мо хатар надоранд"

Бан Кӣ Мун Аралро дид, Роғунро не. Чаро?

Бан Кӣ Мун ва оби Осиёи Марказӣ
XS
SM
MD
LG