Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама стротежии ҳастаии Амрикоро тағйир медиҳад


Барак Обама дар тараддуди бознигарии сиёсати ҳастаии кишвари худ ва коҳиши назарраси шартҳоест, ки мутобиқи он Амрико метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода барад.

Қарор аст, Обама ин тасмимашро имрӯз, рӯзи сешанбеи 6-уми апрел, дар пешорӯи як конфронси бузурги байнулмилалӣ дар Вашингтон оид ба масоили тавсеанопазирии силоҳи ҳастаӣ эълон бикунад. Ду рӯзи баъд интизор меравад, созишномаи нав миёни ИМА ва Русия оид ба коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ ба имзо расад.

Обама дар мусоҳибаи худ бо New York Times гуфтааст, манзураш аз стротежии нави ҳастаӣ аз байн бурдани нофаҳмиҳо ва ташреҳҳои дугонаи марбут ба силоҳи ҳастаии боқимонда аз замони «ҷанги сард» мебошад. Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, тибқи стротежии нави ҳастаӣ Амрико муваззаф мешавад, ки силоҳи ҳастаиро бар зидди кишварҳое, ки дорои силоҳи ҳастаӣ нестанд, истифода набарад, ҳатто агар он кишварҳо ба Амрико ҳамлаи кимиёӣ ва ё биологӣ бикунанд. Ин масъулият яке аз бандҳои созишномаи ҷаҳонии тавсеанопазирии силоҳи ҳастаӣ будааст.

Обама дар чаҳорчӯби стротежии нави ҳастаияш ҳамчунин мехоҳад, захираи таслиҳоти ҳастаии кишварашро ба таври чашмрас коҳиш бидиҳад.

Аммо, дар ҳамин ҳол, Обама ба хабарнигори нашрияи бонуфузи амрикоӣ гуфтааст, «ҳама имконоти лозима барои таъмини амнияти мардуми Амрикоро ҳифз хоҳад кард.» Президент Обама гуфтааст, дар оянда низ талош хоҳад кард, то барои истифода аз силоҳи ҳастаӣ такяи камтар бикунад, то «таслиҳоти ғайриҳастаии Амрико қобили ҷилавгирӣ аз ҳар ҳолате бошанд, ба ҷузъ ҳолатҳои шадид.»

Ин хабар ҳанӯз дар моҳи март аз маъмурияти Обама ба берун баромада буд. Обама бо такя ба дастовардҳояш дар ин самт, ба мисли созишномаи нав бо Русия ва стротежии нави ҳастаияш, мизбонии конфронс дар ин мавзӯъро бар дӯш гирифтааст. Аз ҷумлаи меҳмонони ин конфронс раисҷумҳури Чин хоҳад буд. Чин дар вақтҳои ахир мавриди фишори байнулмилалӣ қарор гирифтааст, то бар таҳримот алайҳи силоҳи ҳастаии Эрон ҳамроҳ шавад. Раҳбарони дараҷаи аввали Фаронса ва Олмон ва ҳамчунин мақомоти баландпояи Ҳиндустону Покистон низ ба ин конфронс меомадаанд.
XS
SM
MD
LG