Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Бан Ки Мун аз Тоҷикистон поён меёбад


Имрӯз боздиди Бан Ки Мун-ДК СММ аз Тоҷикистон ба поён мерасад. Вай дирӯз дар идомаи силсилабоздидҳояш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дабири Кулли СММ дирӯз бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур, Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба истифодаи манобеи обии Осиёи Марказӣ, ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳуқуқи башар баррасӣ шуд. Қарор аст дар ин дақиқаҳо вай дар шаҳри Душанбе бо рӯзноманигорон як нишасти матбуотӣ баргузор кунад. Бо поёни ин нишасти матбуотӣ боздиди вай низ аз Тоҷикистон ба поён мерасад. Вай боздидашро аз Қазоқистон идома медиҳад. Қазоқистон дар ин силсилабоздидҳо кишвари ахирини боздиди Бан Ки Мун хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG