Пайвандҳои дастрасӣ

Обама стротегияи аслиҳаи ҳастаиашро эълон мекунад


Қарор аст, имрӯз давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико стротегияи аслиҳаи ҳастаии худро эълон кунад. Матбуоти Амрико, аз ҷумла рӯзномаи "Нию Йорк Таймс" навиштааст, ин санад сиёсатеро дунбол мекунад, ки тибқи он аслиҳаи ҳастаии Амрико танҳо ба ҳамлаҳои ҳастаӣ посух хоҳад дод ва ё аз ҳамлаҳои ҳастаӣ дифоъ хоҳад кард. Ин сиёсат ба стротегияи давлати Барак Обама, ки гуфта буд, ба сӯи сайёраи вораста аз аслиҳаи ҳастаӣ гом бармедорад, мутобиқат мекунад.
XS
SM
MD
LG