Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Карзай дар бораи пайвастанаш ба Толибон


Суханони Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон сабаби таниш бо Амрико шудааст. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба ин суханони Карзай вокуниш нишон додааст. Карзай гӯё ба чанд нафар аз намояндагони порламони Афғонистон рӯзи якшанбе таҳдид карда гуфтааст, ки агар вай дар оянда низ аз ҷониби муттаҳидони ғарбиаш зери фишор қарор бигирад, ба Толибон хоҳад пайваст. Ҳамзамон Карзай аз иддаои худ ақибнишинӣ накардааст. Вай гуфта буд, ки хориҷаиён дар умури интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи августи соли гузашта мудохила кардаанд
XS
SM
MD
LG