Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз суханони Карзай нороҳат шудааст


Кохи Сафеди Амрико аз суханони ахири Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон изҳори нороҳатӣ кард. Роберт Гиббс-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ин нукот дар асл нигаронкунанда аст. Ҳафтаи гузашта Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Кобул боздид ва бо Карзай дидору гуфтугӯ кард. Чанд рӯз баъд аз он Карзай хориҷиёнро муттаҳам кард, ки онҳо тақаллуби натиҷаҳои интихобот даст доштаанд, ба мақомот ришва додаанд ва талош кардаанд, ки ҳукумати вайро заъиф созанд. Рӯзи якшанбе Ҳомид Карзай дар Кобул ба сарони қабоил гуфтааст, онҳо "арусак" нестанд ва мақомоти ҳукуматӣ набояд ба "хориҷиён" иҷоза диҳанд, ки дар дар кори онҳо мудохила кунанд.
XS
SM
MD
LG