Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Содироти фелизоти гаронбаҳои Тоҷикистон коҳиш ёфт


Хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст, ки судури фелизоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ аз оғози сол 46,2 дарсад коҳиш ёфтааст, ки он ба 2,8 миллион доллар баробар аст. Кумитаи омори Тоҷикистон гуфтааст, соли гузашта дар ду моҳи аввал судури ин фелизот ба бештар аз 6,1 миллион доллар расида буд. Вале соли ҷорӣ ин рақам ба 3,3 миллион доллар баровард шудааст. Аммо содироти фелизоти маъмулӣ ва сохтаҳои он нисбат ба соли пеш афзоиш ёфтааст ва тақрибан ба 125 миллион доллар расидааст. Соли гузашта ин рақам ба 72,6 миллион доллар баробар буд.
XS
SM
MD
LG