Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар 10 сол 243 майдони минро пок мекунад


Парвиз Мавлонқулов-муовини Маркази минрӯбии Тоҷикистон ба матбуот гуфтааст, ин кишвар дар давоми 10 сол бояд 243 майдони мингузоришударо пок созад. Ин майдонҳо 11 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. 57 майдони минкоришуда дар марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад. Бино ба гуфтаи Мавлонқулов, аз соли 1992 ба ин сӯ дар майдонҳои минкоришуда 800 нафар бо минҳо бархӯрдаанд. Аз онҳо 358 нафар кушта ва 449 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. То ҳол дар 4 миллион метри мураббаъ майдонҳои минкоришуда минҳо барчида шудаанд. Дирӯз Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи Маркази минрӯбии Тоҷикистон боздид кард.
XS
SM
MD
LG