Пайвандҳои дастрасӣ

Саркисян мехоҳад дубора раиси ҷумҳур шавад


Ҳизби ҳокими Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон гуфтааст, ки оқои Саркисян дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ худро боз ҳам номзад пешбарӣ хоҳад кард. Қарор аст ин интихобот соли 2013 баргузор шавад. Гуласт Саҳакиян, ки раҳбарии ҷиноҳи ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳи Арманистонро дар порламон бар ӯҳда дорад, гуфт, ки фаъолияти оқои Саркисян дар мақоми раҳбарӣ "қонеъкунанда" аст ва вай ҳақ дорад, ки бори дигар раиси ҷумҳур интихоб шавад. Раиси порламони Арманистон низ моҳи декабр гуфта буд, ки Саркисян дар интихботи соли 2013 ширкат меварзад ва вай ба Саркисян кӯмак хоҳад кард. Вай инкор кард, ки ба эътилофи Роберт Кучерян-раиси ҷумҳури собиқ нахоҳад даромад. Ахиран Кучерян фаъолияти иқтисодии раҳбарияти кунуниро ба боди интиқод гирифт ва гуфт, ки мехоҳад дубора ба қудрат баргардад.

XS
SM
MD
LG