Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷитрга роҳҳои оштӣ бо Толибонро баррасӣ мекунад


Ғулом Форуқ Вардак-вазири омӯзишу парвариш ва раиси кумиссиюни тадорукотии Ҷиргаи Афғонистон гуфтааст, интизор меравад, ки 1 300 нафар ширкаткунандагони ҷиргаи сулҳ роҳҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистону Покистонро баррасӣ кунанд. Оқои Вардак гуфтааст, дар ин ҷирга намояндагон аз ҳамаи манотиқи Афғонистон ва аз манотиқи марзии миёни Афғонистону Покистон ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, ширкаткунандагон роҳҳои ҷалби Покистонро ба талошҳои оштиҷӯёнаи ҳукумати Афғонистон бо Толибон баррасӣ мекунанд. Дар ҷирга ҳамаи намояндагони порламон, мақомоти исломӣ ва раҳбарони қабоили муҳими Афғонистон узвият доранд.
XS
SM
MD
LG