Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳамла ба консулгариашро маҳкум кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳамлаи имрӯза ба консулгарии ин кишвар дар шаҳри Пешовари Покистонро маҳкум кард. Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед, имрӯз гуфт, “Амрико хушунатро қотеъона маҳкум мекунад”. Дасти кам шаш нафар аз ҷумла, чаҳор марди мусаллаҳ дар ин ҳамла, ки мехостанд бо мошинашон ба консулгарии Амрико ворид шаванд, ҷон доданд. Аъзам Тариқ – сухангӯи Таҳрики Толибон, зимни тамоси телефонӣ ба хабаргузории Франс Пресс аз маҳалли номаълуме гуфтааст, ҳамла ба консулгарӣ, “қасос барои ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ” алайҳи ифротгароёни Покистон дар маҳаллҳои ҳаммарз бо Афғонистон будааст. Аъзам Тариқ, амрикоиҳо "душман" хонда ва гуфтааст, ҳамлаҳои зиёди дигаре ба зидди онҳо тарҳрезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG