Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз чанд рӯз ду ҷавони тоҷик, Алишер Хушвахтови 25 сола ва Саидалӣ Азизови 27 сола, бо дучарха ба сафари 100 рӯзаи даври олам мебароянд.

Онҳо тасмим доранд дар ин муддат 14 ҳазор километрро тай кунанд. Алишер мегӯяд, ақидаи чунин сафар дар зеҳнаш ду соли пеш пайдо шуда буд ва соли гузашта ӯву дӯсташ иқдом карданд бо велосипед то Истамбул сафар кунанд. Аммо чун аз ҷониби Кумитаҳои Олимпии Ӯзбакистон ва Туркманистон иҷозаро дер гирифтанд, ин сафар лағв шуд.

Алишер гуфт, “аз аввали соли 2010 ман аз пайи ин кор шудам ва ҳоло қариб аксари мушкилотро ҳал кардем. Ва Худо хоҳад рӯзи 20 апрелъ аз майдони марказии «Дӯстӣ» сафарамонро оғоз мекунем. Аслан, мо мехоҳем ба ҷаҳониён исбот кунем, ки ҷавонони тоҷик низ иродаи қавӣ доранд, варзишро дӯст медоранд ва метавонанд чунин сафарҳоро анҷом бидиҳанд».

Ба гуфтаи Алишер, сафари дарозмуддати онҳо таҳти шиори «Варзиш-алайҳи нашъамандӣ» - анҷом хоҳад шуд. Ин саёҳони тоҷик ният доранд бо велосипед қаламрави Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Белорус, Укроин, Чеченистон, Доғистон, Озорбойҷон, Эрону Туркманистонро убур намоянд.

Алишер мегӯяд, феълан аз номи Кумитаи Олимпии Тоҷикистон ба ин кишварҳо нома ирсол шудааст во посухи онҳоро интизор доранд. Ӯ афзуд, “нахуст мо нақша доштем, ки 21 кишварро бо тӯли 19 ҳазор километр тай карда, то ба Лондон биравем, аммо чун сарпараст пайдо накардем, қарор додем, тӯли сафарамонро коҳиш бидиҳем. Умуман, мо бояд ҳар рӯз 200 километрро тай кунем".

Саид Азизов, саёҳи дигар мегӯяд,барои ин ҷаҳонгардӣ онҳо зиёд омодагӣ ва машқ кардаанд. Аммо ба гуфтаи Саид, то имрӯз агар мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ то ҳадде рафъ шуда бошад, вале то ҳол натавонистаанд барои худ маблағгузор пайдо кунанд.

Аз даҳ ширкате, ки онҳо барои кӯмак муроҷиат кардаанд, танҳо ширктаи “Вавилон - мобайл” ба онҳо ваъда додааст, ки дар ҷарёни сафар онҳоро бо алоқаи мобилӣ таъмин хоҳад кард. Саид аз ҷумла гуфт, “мо ҳисоб карда баромадем, ҳадди аққал барои як нафар дар рӯз 10 доллар зарур аст. Аммо ба кадом ширкате, ки мо муроҷиат накардем, бо баҳонаи Роғун ва дигар баҳонаҳо аз кӯмак худдорӣ карданд. Аммо ба ҳар сурат, мо умедворем, ки то 20 апрел маблағгузоре пайдо мекунем. Вале агар пайдо ҳам накардем, азми мо қавист ва мо ба сафар мебароем ва ба меҳрубонии мардуми оддӣ умед мебандем. Аз он ки хатти сайри мо аз бархе аз нуқтаҳои доғ мегузарад, мо ҳарос надорем. Зеро медонем, ки бархе ҷаҳонгардон, ҳатто бо роҳи Афғонистон, кишвари ҷангзада сафар кардаанд. Сафари мо миёни мардум аст ва аз мардуми оддӣ ҳазар набояд кард".

Гуфта мешавад, барои ин ҷаҳонгардони ҷавон ду сармоягузор қисмати асосии дучархаи истеҳсоли Итолиёро харидорӣ кардаанд ва қисматҳои дигарро худи онҳо дар Тоҷикистон пайдо ва дуруст намудаанд.

Давлат Ҳабибов, сардори раёсати рушди ҷаҳонгардии Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва саёҳӣ мегӯяд, масъулини ин кумита чунин иқдомро аз ҷониби ин ду ҷавон пуштибонӣ мекунанд ва тасмим гирифтаанд, барои таъмини суғуртаи онҳо ба ҳангоми сафар, ба ширакати суғуртаи «Ориён - Иншуренс» муроҷиат намоянд.

Чун сафари ин ҷаҳонгардон тариқи кишварҳое хоҳад гузашт, ки миёни онҳо низоми раводид ҷорист, кумитаи ҷавонон тавассути кумитаҳои олимпӣ ин масъаларо низ ҳамоҳанг хоҳад кард.

Аммо дар нисбати сармоягузорӣ нашудани сафари ду ҷаҳногарди ҷавон аз сӯйи ширкатҳои миллӣ Давлатат Ҳабибов гуфт, “сабаби аслии аз назари молӣ дастгирӣ нашудани ин ҷавонон дар он аст, ки фаъолияти ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар хеле кам ба роҳ монда шудааст. Ва аз ин рӯ, онҳо аз тарғиби хидматрасонии маҳсулоти худ ҳавасманд нестанд. Ва чун ин иқдоми нахустин аст, бояд васоити ахбори омма низ бештар тарғиб кунанд. Зеро нияти ин ҷавонон ҳам барои пешбурди ҳаёти солим ва ҳам туризми велосипедронӣ муҳим аст. Ва дар оянда мо ният дорем, ки ин ду ҷавонро ҳамчун роҳнамо дар ин намуди саёҳат ҷалб намоем".

Алишер ва Саидалӣ медонанд, ки ин сафари дарозмуддат пур аз мушкилот аст, вале онҳо мегӯянд чун азм карданд, ҳатман ин роҳро тай хоҳанд кард.

Агар шумо мехоҳед аз ҷараёни сафари ин ду ҷаҳонгарди ҷавони тоҷик огаҳ бошад, метавонед ба саҳифаи www.ts.tj ворид шавед ва бевосита сафари онҳоро дар кишварҳои мухталиф назорат кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG