Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Кӣ Мун Аралро дид, Роғунро не. Чаро?


Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ дар бандари Муйнақ, Узбакистон, 04 апрели соли 2010

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ дар бандари Муйнақ, Узбакистон, 04 апрели соли 2010

Боздиди Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ аз силсилаи нерӯгоҳҳои ҳавзаи Вахш, аз ҷумла аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ барномарезӣ шуда буд. Аммо субҳи душанбе, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки боздид аз нерӯгоҳҳо аз барномаи сафари Бан Кӣ Мун лағв шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Бан Кӣ Мун зимни сафараш ба Ӯзбакистон, тавассути чархбол аз баҳри Арал дидан кард ва хушкидани онро аз такондиҳандатарин фалокатҳои муҳитизистӣ номид.

Дар маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон, тағийр ёфтани барномаи сафари Бан Кӣ Мунро ба ҳар навъ шарҳ медиҳанд. Гурӯҳе онро дигаргун шудани мавқеъи СММ дар баҳси Тоҷикистон ва Ӯзбакистон номида ва мегӯянд, ки СММ, дар ин баҳс моил ба мавқеи Тошканд шудааст.

Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, таҳлилгари маркази «Диалог» мегӯяд, тағийр ёфтани барномаи сафари дабири кули СММ дар Тоҷикистон, аз он хотир аст, ки баҳси Тоҷикистон ва Ӯбакистон аз масоили иқтисодӣ ба сиёсӣ табдил шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Сайфуллоҳзода, Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбакистон бохтааст: «Дабири СММ дигар тавонмандии онро надорад, ки бишнавад, ки дар паҳлӯи дигари масъала чист… Яъне инҷо мавзӯъ ин аст, ки СММ то ҷойе наметавонад аз хати кишварҳои қудратманд, ки Шӯрои амнитя бидуни тасмим онҳо ҳеҷ коре карда наметавонад, берун барояд".

Ба назари коршиносон, маҳз аз тамошои баҳри хушкидаи Арал оғоз ёфтани боздиди Бан Кӣ Мун рамзӣ буд ва Тошканд тавонист, ки ба ин васила, пуштибонии СММ-ро дар баҳси оби Осиёи Марказӣ ба даст биорад.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Ӯзбакистон муваффақ шуд, ки бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои абарқудратро ба худ мойил кунад. Ӯ меафзояд, "асли қазия дар он аст, ки идеологҳои ҳукумати Тоҷикистон натавонистанд, ки фазои иттилоотиро дар хориҷи кишвар ба вуҷуд биоваранд, ки то куҷо ин мушкилот вуҷуд дорад. Ва дар ҷанги иттилоотие, ки Тошканд бо Душанбе оғоз карда буд, масъулини бахши иттилооти ҳукумати Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбакистон бохтанд".

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ ба ин бовар аст, ки дабири кулии СММ бояд дар баҳси сохтмони нерӯгоҳҳо ва пайомади экологии онҳо, ҷониби Тоҷикистонро низ бишунавад ва баъдан мавқеъгирӣ кунад.

Сайфулло Сафаров ҳанӯз дар ин баҳс ҷониби Тоҷикистонро ба истилоҳ “шикастхӯрда” намедонад. Ба гуфти ӯ, ба мавқеи Бан Кӣ Мун боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва хабарнигорон метавонанд, таъсир гузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG