Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон масъули ҳамла ба консулгарии Амрико


Толибони Покистон масъулияти ҳамлаҳои имрӯза ба консулгарии Амрико дар шаҳри шимолуғарбии Пешоварро бар ӯҳда гирифтанд. Аъзам Тариқ, сухангӯи Толибон аз маҳалли номаълуме ба хабаргузории “Ройтерс” тамос гирифта ва гуфтааст, ки амрикоиҳо душман ҳастанд ва ҳамлаҳои зиёди дигаре ба зидди онҳо тарҳрезӣ шудааст. Бар тибқи гузоришҳо, афроди мусаллаҳ ба посгоҳи амниятии нерӯҳои покистонӣ дар назди консулгарӣ ҳамла кардаанд. Як маъмури иттилоъотии Покистон гуфтааст, се муҳофизи консулгарӣ кушта шудаанд, аммо доир ба сарнавишти афроди мусаллаҳ хабаре дар даст нест.
XS
SM
MD
LG