Пайвандҳои дастрасӣ

Анвархӯҷа Мукаррамов, сокини деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара бародар ва як ҷияни наврасашро аз таркиши минаҳои Узбакистон аз даст додааст. Вай мегӯяд, ҳарчанд аз ин ҳодисаи фоҷиабор 7 сол сипарӣ мешавад, аммо ҳеҷ доғи ҷудоии азизонаш аз дил намеравад.

Дар як рӯзи тирамоҳи соли 2003 Исмоилхӯҷа Мукаррамов, писараки навраси исфарагӣ ҳамроҳи рафиқонаш ба кӯҳи канори деҳаи чилгазӣ ҳезумчинӣ рафт ва ба минаи марзии Узбакистон бархӯрда таркид. Падари вай Умархӯҷа Мукаррамови 40-сола ба ҷустуҷӯи ҷигарбандаш рафт ва ӯ низ ба мина по гузошт.

Узбакистон марзҳояш бо Тоҷикистонро дар соли 2000–ум мингузорӣ кард. То кунун бар пояи маълумоти маркази минрӯбии Тоҷикистон, аз инфиҷори минаҳо наздики 80 сокини осоишта ҳалок гашта, 90 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хатти марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар вилояти Суғд ҳудуди 900 километр тӯл дорад ва дар қисмати умдаи он мин хобонида шудааст.

Дабири кулли СММ бо нашри паём бахшида ба рӯзи ҷаҳонии алайҳи минаҳо гуфт, ин навъи силоҳ ба одамон «ҷароҳатҳои сахт мерасонад ва тухми марг мекорад». Дар паёми мазкур омадааст, маводи тарканда роҳҳоро дар давлатҳои Афғонистон, Судон, Камбоҷа ва ҷумҳурии демократии Конго баста, ҷодаи мактабу бемористонҳоро дар Лаос, Ғазза ва Непал масдуд кардааст. Ҷаноби Мун дар паёми худ бо ёдоварӣ аз фаъолияти СМ баҳри безарарсозии минаҳо афзудааст, ки ин кор фаъолияти доимӣ ва ҳамагонии ҳама афрод ва давлатҳоро тақозо мекунад ва эътирофи асноди байнулмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла пайвастани давлатҳо ба Конвенсияи Оттава давлатҳои узвашро ба поксозии қаламраваш аз минаҳо муваззаф мекунад.

Тоҷикистон аз соли 2000 узвияти Конвенсияи Оттаваро пазируфтааст, ки давлатҳои узви худро ба тоза кардани қаламравҳояшон аз минҳои зиддипиёданизом уҳдадор мекунад. Маркази минрӯбӣ мегӯяд, мӯҳлати ӯҳдадории Тоҷикистон то соли 2010 тамдид карда шудааст.

Бино ба маълумоти маркази минрӯбӣ, дар тӯли 6 соли фаъолият минкобони ин ниҳод зиёда аз 4 миллион метрии мураббаъ аз минаҳо
пок гардонидаанд. Парвиз Мавлонқулов, масъули бахши безараргардонии минаҳо дар Маркази минрубии Тоҷикистон, гуфт, ғайр аз ин дар минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии Тоҷикистон ҳам минаҳои бозмонда аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷони одамон ва ҳайвонот хатарангез боқӣ мондааст. Вай мегӯяд, то айни ҳол 11 миллион метри мураббаъ майдони минкорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи ҷанубу шарқии кишвар безарар гардонида нашудааст. Дар сарҳад бо Узбакистон 57 майдони минкорӣ ба қайд гирифта шудааст, вале чун дақиқ таҳқиқ нашудааст, ин рақам тахминӣ аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Мавлонқулов, то ҳол ба сурати умум аз таркиши минаҳо дар Тоҷикистон 358 нафар ҳалок гашта, 449 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Парвиз Мавлонқулов ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон 18 маротиба аз Узбакистон даъват кард, то минаҳои марзии худро, ки ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба қаламраваш гузоштааст, барчинад. Зеро то кунун танҳо кӯдакону бачаҳо, афроди калонсоли осошта ва ҳайвоноти хонагӣ қурбони он мегарданд.

Соли гузашта Маркази минрубии Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, то ба хотири озод кардани хоки минтақа аз минҳо ба Конвенсияи Оттава бипайванданд, вале ин даъват аз ҷониби Узбакистон нодида гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир, танҳо Тоҷикистону Туркманистон узви ин ниҳод мебошанд. Дар соли 2007 мақомоти Узбакистон эълон доштанд, ки ба барчидани минаҳо аз марз бо Тоҷикистон оғоз кардаанд, вале ҳақиқати ин кор собит нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG