Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талко" иддаъоҳои Ӯзбакистонро рад кард


Корхонаи тавлили алюминий дар Тоҷикистон, дар вокуниши расмӣ ба эътирозҳои Ӯзбакистон гуфтааст, ки иддаъоҳо доир ба олуда шудани муҳити зисти ноҳияҳои ин кишвар, беасосанд. Саёҳат Қодирова – сухангӯи “Талко” гуфтааст, ҳар сол таъсири олудагиҳои корхонаи мазкур ба муҳити зисти атрофи он бо ширкати коршиносони хориҷӣ сурат мегирад, ва олудагиҳое ихроҷ мешаванд, беш аз меъёри муқарраршуда нест. Ба гуфтаи Саёҳат Қодирова, ташхиси экологии фаъолияти корхонаи тобистони имсол сурат хоҳад гирифт. Ҳафтаи гузашта, гурӯҳҳои муҳитизистӣ ва иддае аз вакилони мардумии Ӯзбакистон гуфтанд, ки олудагиҳои корхонаи “Талко”- и Тоҷикистон боиси афзоиши бемориҳои мухталиф дар миёни сокинони навоҳии марзии Ӯзбакистон шудааст, вале Тоҷикистон ин мушкилро нодида мегирад.
XS
SM
MD
LG