Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меваҳои Тоҷикистон Русияро ба Афғонистон иваз мекунанд


Таи як соли ахир иттиҳодияҳои боғу токпарварии минтақаи Кӯлоб интиқоли меваи хушку тарро танҳо ба давлати исломии Афғонистон ба роҳ мондаанд. Қаблан, меваи хушку тари ин минтақа ба федератсияи Русия содирот мешуд.

Ҳамакнун, масъулин дар самти содирот ва фуруши мева Афғонистонро аз Русия беҳтар медонанд. Амиралӣ Қосимов, раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҳамадонӣ, мегӯяд, таи як соли ахир онҳо наздики 500 тонна меваи хушку тар ба Афғонистон интиқол додаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз лиҳози кӯтоҳии роҳ ва сарфи маблағ давлати ҳамсоя барои тиҷораташон мувофиқ аст.

Абдуллохоҷа Ғоибназаров, муовини аввали раиси ноҳияи Ховалинг, аз содироти маҳсулоти истеҳсолии ин ноҳия ба Афғонистон истиқбол мекунад. Вай мегӯяд, борҳо бинобар сабаби мушкилоти гумрукӣ дар Узбакистону Қазоқистон дар роҳи самти Русия қисми зиёди маҳсулоташон вайрон шудааст. Абдуллохоҷа Ғоибназаров мегӯяд, бо андак иштибоҳ дар ҳуҷҷатгузорӣ ё чизе ба назар шубҳанок моҳҳо вагонҳоро манъ мекарданд, ки меваи тар вайрон мешуд.

Абдураҳмон Умаров, устоди риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Афғонистонро як бозори кашфношуда барои тиҷорати Тоҷикистон медонад. Ӯ мегӯяд, бозори дохилии Афғонистон ягона бозорест, ки ҳама навъи маҳсулоти Тоҷикистонро метавон дар он ҷо бе мушкилӣ ба савдо гузошт. Ҷаноби Умаров мегӯяд, соҳибкорони тоҷик бояд ин бозорро биомӯзанд ва маҳсулоти ниёзи мардумро ба он ҷо бештар интиқол бидиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, агар Тоҷикистон меваро дар шакли дигар, яъне ба таври шарбату дигар хӯришҳо ба ин кишвар содир кунад, манфиати бештар хоҳад дид.

Давоми як соли ахир навоҳии минтақаи Кӯлоб беш аз ҳазор тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба Афғонистон интиқол додаанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар сурати ором будани вазъи Афғонистон интиқоли маҳсулот зиёд гардида, иқтисоди Тоҷикистон низ манфиати бештар хоҳад дид.
XS
SM
MD
LG