Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи нахустин бозиҳои сабқати лигаи олии Тоҷикистон


Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон 3-юми апрел бо бозиҳои нахустин даври мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз шуд.

Дар мусобиқаи имсола 9 даста дар чаҳор давра қувваозмоӣ мекунанд. Федеросиюни футболи Тоҷикистон тақвими ду давраи бозиҳоро, ки аз 3-юми апрел то 1-уми август идома хоҳанд кард, тасдиқ намудааст.

Дар нахустин даври мусобиқа 3-юми апрел дар варзишгоҳи ба номи Сафарбек Каримови ноҳияи Хуросон ду дастаи шаҳри Душанбе - «Энергетик» ва ССКА «Помир» қувва озмуданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голҳоро Шодибек Ғаффоров («Энергетик», дақиқаи 37-ум) ва Габриел Донтох (ССКА «Помир», 39-ум) заданд.

Бозии дигари даври аввал, ки рӯзи шанбеи гузашта дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд байни дастаи мизбон – «Хуҷанд» ва тими нави лигаи олӣ - «Хайр»-и Ваҳдат баргузор шуд, низ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт.Дар ин бозӣ Равшан Марофиев, бозигари «Хуҷанд» дар дақиқаи 6-ум ҳисобро боз кард. Дар воқеъ ин аввалин голи сабқати имсолаи лигаи олии футболи кишвар маҳсуб мешавад. Голи ҷавобиро Мирзобек Мирзоев, бозигари «Хайр», дар дақиқаи 42-юм ба самар расонд.

Бозии сеюми даври аввал 4-уми апрел дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни дастаҳои «Парвоз» ва «Равшан»-и Кӯлоб сурат гирифт. Мизбонон – футболбозони тими «Парвоз» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд. Голҳоро Абдуаҳад Набиев, Хайрулло Ғайбуллоев ва Собирҷон Эргашев заданд.

Бозии охирини даври аввал 6-уми апрел дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад.

Воқеъан, охирин марҳилаи омодагии дастаи «Регар» ТадАЗ ба мусобиқаи қаҳрамонии кишвар тӯли ду ҳафта дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар ин ҷо чаҳор бозии санҷишӣ анҷом дода, як пирӯзӣ ба даст оварданд ва дар се бозӣ шикаст хӯрданд:

«Регар» ТадАЗ - «Казахмис» (Сатпау, Қазоқистон) – 0-1,
«Регар» ТадАЗ - «Динамо» (Брест, Беларус) – 1-0 (гол: Оливейра),
«Регар» ТадАЗ - «Север» (Мурманск, Русия) – 1-4 (гол: Даврон Тухтасунов),
«Регар» ТадАЗ - «Сирианск» (Стокголм, Шветсия) – 2-4 (голҳо: Аббос Абдуллоев - пенолти, Маъруф Рустамов).

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, нахустин барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон, ки аз бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии кишвар озод буд, дар нахустин бозиаш 10-уми апрел дар майдони худ бо «Энергетик»-и Душанбе қувваозмоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG