Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои НАТО куштори афғононро эътироф карданд


Нируҳои НАТО дар Афғонистон дирӯз эътироф карданд, ки ин нируҳо моҳи феврал дар ҷануби Афғонистон 5 ғайринизомиро куштаанд. 3 нафари онҳо занон будаанд. Дар як эъломия нируҳои эътлоф навиштаанд, "нируҳои байналмиллалӣ масъулияти ин кушторро бар душ доранд". Нируҳои НАТО гуфтаанд, онҳо 12-ӯми феврал дар вулусволии Гардези вилояти Пактиё вориди хонае шудаанд ва бовар доштаанд, ки дар ин хона шӯришиён паноҳ бурдаанд. Онҳо ду мардро ба қатл расондаанд, зеро ин ду мард бо худ аслиҳа доштаанд. Вале баъдтар дарак ёфтаанд, ки ин ду мард шӯришӣ набудаанд. Нируҳои НАТО гуфта буданд, ки онҳо занонро басташуда ва кушташуда пайдо кардаанд, вале баъдтар эътироф карданд, ки ин иддаояшон дуруст нест.
XS
SM
MD
LG