Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мун хушкидани Аралро фоҷеаи такондиҳанда номид


Дирӯз Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ гуфт, хушкидани Арал-чаҳорӯмин баҳри бузурги дунё фоҷеаи такондиҳандаи муҳити зист дар ҷаҳон ба шумор меравад. Вай аз раҳбарони Осиёи Марказӣ дархост ард, ки барои ҳали ин масъала тадбирҳое рӯи даст бигиранд. Бан Ки Мун дар идомаи силсилабоздидҳояш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чархбол аз ҳаво бо вазъи Баҳри Арал ошно шуд. Чархболи вай дар Муйнак фуруд омад, дар шаҳре, ки замоне дар соҳили Арал шаҳри бандарӣ дониста мешуд. Вале дар замони Шӯравӣ, вақте ки мазореи пахта вусъат ёфт, 90 дарсади оби Арал хушкид ва ҳоло дар соҳили пешини он киштиҳо гӯё дар биёбони беоб мондаанд. Дабири Кулли СММ дар ҷараёни боздиди худ бо раҳбарони минтақа вазъи ҳуқуқи башарро низ баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG