Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди Бан Ки Мун аз Тоҷикистон оғоз мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз боздиди Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз Тоҷикистон оғоз шавад. Вай баъд аз мулоқоташ бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз аз Тошканд вориди Душанбе хоҳад шуд. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Бан Ки Мун бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур дидор ву гуфтугӯ мекунад ва аз маҳали сохтмони ниругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дар рӯдхонаи Вахш боздид ба амал меорад. Дар ҷараёни ин дидор ҷонибҳо дар бораи баҳсҳои минтақа барои истифода аз захоири обии Осиёи Марказӣ гуфтугӯ хоҳанд кард. Бан Ки Мун аз Туркманистону Қирғизистон низ бодид кард. Баъд аз Тоҷикистон боздиди Бан Ки Мун аз Қазоқистон идома меёбад.
XS
SM
MD
LG