Пайвандҳои дастрасӣ

Расул Ҳодизода дар синни 82-солагӣ даргузашт


Дирӯз, 4-ӯми апрел Расул Ҳодизода-адиб ва мунаққиди маъруфи тоҷик бар асари беморӣ дар синни 82-солагӣ даргузашт.
Расул Ҳодизода аз чеҳраҳои пештози адабиёти муосири тоҷик ба шумор мерафт. Расул Ҳодизода соли 1928 дар Самарқанд ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ дар Тошканд аз соли 1954 ва то поёни умр дар пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар Душанбе кор кард. Романи “Ситорае дар тирашаб” дар бораи зиндагии Аҳмади Дониш, “Парвози Шоҳин” аз рӯзгори Шамсуддини Шоҳин ва “Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ” ва амсоли он аз муҳимтарин осори Расул Ҳодизода дар адабиёти муосири тоҷик мебошад.
XS
SM
MD
LG