Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳи зиндон ва ҷарима барои бӯсобӯсӣ дар Дубай


Як ҷуфти бритониёӣ, ки дар Дубай бо ҷурми бӯсобӯсӣ дар мазҳари омм боздошт шуда буд, имрӯз низ дар додгоҳи таҷдиди назар бохт. Қозӣ ҳукми қаблиро, ки як моҳи зиндон ва тақрибан 300 доллар ҷаримаро пешбинӣ мекунад, ба қувваи худ боқӣ гузошт. Аймон Наҷафии 24-сола ва Шарлот Адамси 25-сола ҳанӯз моҳи ноябри гузашта замоне боздошт шуданд, ки як зани маҳаллӣ онҳоро ба бӯсобӯсӣ дар мазҳари омм айбдор кард.
Ҷуфти бритониёӣ, ки то ҳол бо пардохти пули гарав дар озодӣ ба сар мебарад, мегӯяд, ки онҳо ҳамдигарро на аз лаб, балкӣ фақат аз бари рӯ бӯсидаанд ва инро қонунҳои сахти Имороти Араб иҷозат медиҳад. Ҳарду дилдода мегӯянд, ки аз ҳукми имрӯза низ шикоят хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG