Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон низ мизбони як анҷумани ҳастаӣ хоҳад шуд


Эрон эълон кард, ки дар миёнаи моҳи апрел мизбони як анҷумани халъи силоҳҳои ҳастаӣ хоҳад шуд. Хабаргузории давлатии ИРНО аз қавли Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон, навишт, ки Чин аз ин ташаббус истиқбол кард ва дар анҷумани рӯзҳои 17 ва 18 апрел ширкат хоҳад варзид. Аммо намояндаи вазорати хориҷаи Чин гуфт, Пекин ҳанӯз ҷиҳати ширкат дар ин анҷуман тасмим нагирифтааст.
Чин узви доимии Шӯрои Амният аст ва то кунун аз пешниҳоди эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон пуштибонӣ накардааст. Қудратҳои ғарбӣ Эронро айбдор мекунанд, ки дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаист. Вале Эрон боисрор мегӯяд, ҳадафаш танҳо тавлиди нирӯи барқ аст.
Анҷумани байналмилалӣ таҳти унвони “Энержии ҳастаӣ барои ҳама, таслиҳоти ҳастаӣ барои ҳеҷ нафар” дар Эрон ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз ҳамоише дар мавзӯъи амнияти ҳастаӣ, ки рӯзҳои 12 ва 13 апрел дар Вошингтон мегузарад, доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG