Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Қандаҳор рафтани Карзай ва МакКристалл


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва фармондеҳи нирӯҳои НАТО генерали амрикоӣ Стенлӣ МакКристалл имрӯз ба қасди мулоқот бо раҳбарони қабоил ба шаҳри Қандаҳор рафтанд. Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, ин сафар бахше аз талошҳо ба манзури касби ҳимояти сиёсӣ аз амалиёти дарпешистодаи нирӯҳои НАТО ва Амрико бо ҳадафи аз ин пойгоҳашон низ берун андохтани ҷангиёни толиб аст.
Бахши аъзам аз 30 000 сарбози изофие, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ваъда додааст, маҳз озими шаҳру вилояти Қандаҳор хоҳанд шуд. Карзай гуфтааст, дар пешорӯи оғози раванди мусолиҳа бо ҷангиён, ки бояд 2 май оғоз шавад, мехоҳад бо Шӯрои қабоил дар қароргоҳи волии Қандаҳор як “ҷиргаи сулҳ” барпо кунад.
XS
SM
MD
LG