Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масеҳиён ба таҷлил аз Иди Фусҳо идома медиҳанд


Имрӯз пайравони дини масеҳӣ дар саросари олам иди Фусҳоро таҷлил мекунанд. Ба бовари аҳли Масеҳ, Рӯзи Фусҳо рӯзи баъд аз се рӯзи дафн дубора зуҳур кардани Исои Масеҳ аст.
Попи Рум Бенедикти 16 дар Ватикан дар бораи сарнавишти масеҳиёне, ки дар Покистон, ба маҳзи эътиқоди динии худ “таҳти таъқиб ва ҳатто хатари марг” қарор доранд, изҳори нигаронӣ кард, масеҳиёни ироқиро таскин дод ва ҳам хостори “ҳалли дуруст”-и низоъи Ховари Миёна шуд.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ дар паёми идонааш дар як рӯз таҷлил шудани Иди Фусҳо аз ҷониби пайравони ҳамаи се мазҳаби асосии дини масеҳӣ - католикҳо, протестантҳо ва православиҳоро рамзӣ номидааст.
XS
SM
MD
LG