Пайвандҳои дастрасӣ

Бан фоҷиаи Аралро бузургтарин офат хонд


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун, ки имрӯз дар ҷараёни сафараш ба Узбакистон тавассути чархбол аз баҳри Арал дидан кард, хушкидани Аралро аз таккондиҳандатарин офатҳои дунё номид ва аз раҳбарони Осиёи Марказӣ даъват кард, ба хотири ҳалли мушкилоти зистмуҳитӣ бештар ҳамкорӣ кунанд.
Баҳри Арал, ки дар гузашта чаҳорумин кӯли бузурги дунё маҳсуб мешуд, акнун 90 дарсад коҳиш ёфтааст.
Бан Кӣ Мун дар Нуқус, пойтахти ҷумҳурии Қароқалпоқистони Узбакистон ваъда супурд, ки аз раҳбарони минтақа даъват хоҳад кард, то ба хотири пайдо кардани роҳи ҳалли фоҷиаи Арал гирди мизи гуфтугӯ бинишинанд.
Бан Кӣ Мун шоми имрӯз ба Тошканд рафта, бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мулоқот мекунад. Рӯзи 5 апрел ӯ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG