Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркишҳои Бағдод дастикам 30 кас кушта шуданд


Имрӯз се таркиши шадид, ки тақрибан пайиҳам маркази Бағдодро таккон дод, дастикам 30 кушта ва беш аз 100 захмӣ ба ҷо гузошт. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли сухангӯи мақомоти амниятӣ генерал Қосим Мӯсавӣ навишт, ки ҳадафи ҳамалот сафоратхонаҳо буданд ва шумори қурбониҳо шояд боз ҳам биафзояд.
Таркишҳо дар наздикии сафоратхонаҳои Эрону Миср ва қароргоҳи сафири Олмон рух додаанд. Сафири Эрон Ҳасан Козимии Қумӣ гуфт, инфиҷор дар даромадгоҳи сафорат ба вуқӯъ пайваст ва бинои сафоратро каме тахриб кард, вале касе аз кормандонаш осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG