Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Союз" бо се фазонавард ба мадор расид


Кишти кайҳонии “Союз”-и Русия бо ду кайҳоннаварди рус ва як амрикоӣ бомуваффақият ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ расид. Сухангӯи маркази назорати парвозҳои кайҳонии Русия Валерий Линдин гуфт, ин киштӣ дар мадор бо истифода аз низоми автоматӣ дар Истгоҳи байналмилалӣ лангар партофт.
Киштии “Союз” рӯзи ҷумъа аз пойгоҳи кайҳонии Байконур дар Қазоқистон ба парвоз даромада буд.
Акнун теъдоди фазонавардон дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба 6 нафар расид, вале қарор аст, то 3 рӯзи дигар киштии амрикоии “Shuttle Discovery” низ ба мадор бирасад.
XS
SM
MD
LG