Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари собиқи ҷонибдорони апартеид кушта шуд


Юҷин Терибланш, раҳбари нирӯҳои ростгарои Африқои Ҷанубӣ, ки алайҳи аз байн бурдани низоми апартеид мубориза мебурд, кушта шуд. Пулис мегӯяд, раҳбари собиқи Ҷунбиши муқовимати африканерҳоро, ки аз ҳаққи истисноии мардуми сафедпӯст ба қудрат дар Африқои ҷанубӣ дифоъ мекард, дар фермааш то мурдан латукӯб кардаанд. Пулис бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Терибланш ду коргари сиёҳпӯстро боздошт карда, вале мегӯяд, далели онҳо на ғароизи сиёсӣ, балки бештар марбут ба пардохт нашудани маоши онҳост.
Раисиҷумҳури Африқои ҷанубӣ Ҷакоб Зума дар пайи ин ҳодиса ҳамаро ба хештандорӣ даъват кард.
XS
SM
MD
LG