Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар роҳи оҳани Доғистон


Субҳи имрӯз таркиш дар роҳи оҳани ҷумҳурии Доғистон, дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия, мунҷар ба берун шудани як қатори боркаш аз масири ҳаракаташ шудааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, инфиҷор дар наздикии рустои Первомайское рух дод ва 8 вагонро аз роҳ берун андохт.
Дар бораи кадом қурбонӣ гузориш нашудааст.
Ҷангиёни исломӣ дар моҳҳои охир ҳамалоти худро дар Қафқози шимолӣ густариш додаанд. Рӯзи чоршанбе бар асари ду ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Қизилюрти Доғистон 13 нафар, бо шумули 9 афсари пулис кушта шуданд. Масъулияти бомбгузориҳои 29 март дар метрои Маскавро, ки 40 кушта ба ҷо гузошт, низ ҷангиёни Қафқози шимолӣ бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG