Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабонӣ номзади воҳиди ҳизбҳои курдӣ шуд


Раҳбари минтақаи Курдистони Ироқ гуфт, ҳамаи гурӯҳҳои курдӣ, ки ба ҳайъати нави парлумон роҳ ёфтаанд, Ҷалоли Талабониро номзади худ ба мақоми раёсатҷумҳурии Ироқ баргузиданд. Масъуд Боризонӣ, ки бо хабарнигорон дар пайи анҷоми нишасти намояндагони гурӯҳҳои курдӣ дар Арбил сӯҳбат мекард, гуфт, аҳзоби курдӣ ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки дар музокирот бо эътилофҳои дигари ироқӣ дар мавриди ташкили давлати нав мавзеъи ҳамсон дошта бошанд.
Дар интихоботи моҳи март эътилофи сарвазири пешин Иёд Алавӣ назар ба эътилофи сарвазири феълӣ нурӣ Моликӣ теъдоди бештари курсиҳои парлумонро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG