Пайвандҳои дастрасӣ

Се таркиши шадид дар маркази Бағдод


Имрӯз се таркиши баланд тақрибан пайиҳам маркази Бағдодро таккон дод. Бино ба хабарҳо, ин се таркиш хисорот низ дар пай доштааст. Сухангӯи мақомоти амниятии пойтахти Ироқ генерал-майор Қосим Мӯсавӣ гуфт, яке аз таркишҳо дар наздикии сохтмони сафоратхонаҳо, аз ҷумла сафорати Эрон рух дод. Сафири Эрон Ҳасан Козимии Қумӣ гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ҳадафи ҳамла сафорати онҳо буд ё хайр? Қумӣ гуфт, инфиҷор ба меҳмонони сафорат ва пулисҳои посбони ироқӣ асобат кардааст. Ӯ афзуд, бинои сафорати Эрон каме тахриб шуд, вале касе аз кормандонаш осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG